Танзимгаронро танзим мебояд

Defense/border
25.08.2008 17:13
Автор:
Ҷалолиддини Садриддин, Чархи Гардун
Просмотров: 501

Мақсад аз таҳлилу таҳияи лоиҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва ба ҳукми қонунӣ даровардани он, ки барои беҳдошти рӯзгори мардуми камбизоат ва камхарҷ гузаронидани тӯю маъракҳо равона гардида буд, аз ҷониби кулли шаҳрвандони кишвар, ин ташаббуси роҳбари давлат гарму ҷӯшон дастгирӣ ёфт.

Мардуми камбизоату сатҳи рӯзгорашон паст дар баробари шахсони пулдору бадавлат барои «обрӯ» ва «нангу номус»- хеш, худро аз дигарон кам надониста зӯр мезаданд, бо кадом роҳу воситае набошад маъракаҳои худро дар сатҳи баланд гузаронанд ва баъдан ба қарз ғутида моҳҳову солҳо пули ба амонат гирифтаашонро бозпас мегардониданд. Маблағхои бо душворӣ аз заҳмати мардикорӣ рӯёнидаи фарзандонашон бошад, дар як шаб сарфи ҳофизону раққосон ва харидорӣ кардани машруботу хӯрокаи аз меъёр зиёд, гашта, баъдан пасмондаи нону меваҷот ва гушту ҳасиб тағораи чорвою косаи хӯрокхӯрии сагҳоро зеб медоданд.
Бо каме пулу пайса пайдо кардану соҳиби луқмаи нон шудан, гузаштаи начандон дурро, мушкилоти дастрасӣ ба нони солҳои 90-ро фаромӯш кардем, ки имрӯз дохили ҷӯйбору лаби роҳҳо ва назди хонаҳои баландошёна, нимаи нону нимхӯрдаи самбуса ва дигар маҳсулоти хамириро ҳар сари қадам дучор меоем. Беҳуда намегӯянд, ки нонро дар серӣ бояд ҳурмат кард.
Биёед ин ҷо ба сари мақсад оем. Бародарам писарашро хонадор карданӣ шуда, масъалаи номнавис кардани ақди никоҳи арӯсу домод ба миён омад ва гуфтанд, ки одатан як нафар намояндаи ҷамоати деҳот худ ба тӯю маъракаҳо омада навхонадоронро аз қайди ақди никоҳ мегузаронад, тарзе ки чунин амал дар шаҳр маъмул аст ва ин хело хуб ва ба манфиати кор аз оне ки дар шароити душвори кӯҳистон ва хавфу хатари роҳҳо, якчанд мошин ташкил кардану то ба маркази Шӯрои деҳот рафтан, ки харҷи зиёдро талаб мекунад, осон меафтид. Мо ки як моҳ пештар барои аз қайд гузаштан, ҳуҷҷатҳои навхонадоронро пешниҳод карда будем, аз намояндаи хонаи ақди никоҳи ҷамоати деҳоти Рарз хоҳиш кардем, ки рӯзи якшанбе соатҳои 4 ба деҳаи мо омада дар маросими ба қайдгирӣ иштирок кунанд. Он кас дар ҷавоб гуфтанд, ки мувофиқи қонунҳои нав раис ба мо гуфтанд, ки бояд арӯсу домодро ба ҷамоати деҳаи Рарз биёранд.
Як рӯз пештар бошад дар деҳоти дигар аниқтараш деҳаи Шаватк намояндаи ҷамоат иштирок карда, навхонадоронро ба қайд гирифт, ки шоҳидони ҳол инро тасдиқ мекунанд, пас намояндаи ҷамоат дар ҷои дилхоҳ метавонанд иштирок кунанд ва дар чои дигар не. Инро агарчанде ба он кас гӯшрас кардем, дар ҷавоб гуфтанд, раис ба мо чунин супориш доданд ва аз намоянда, ки дар иҷрои супориши раис устувор буданд, мо дигар талаби дархости худро карда натавонистем. Замоне, ки телефони раисро пайдо карда занг задем, маълум гардид, ки он кас дар Душанбе буданд. Ман масъалаи душвории дастрасии сӯзишворӣ, пайдо кардани ду автомашина ва азоби хавфнокии роҳҳоро пеш оварда аз раис хоҳиш кардам, ки ҷои ин қадар саргардониҳо ҳамон як нафар намояндаро равон кунанд, то дар ҳузури мардум, зану шавҳарро ба расмият дароранд, вале раис дар ҷавоб қонун вайрон мешавад ва арӯсу домодро ба маркази ҷамоат баред гӯён амр карданд.
Ҳол он ки дар ҳузури мардум ба расмият даровардани навхонадорон, имкон медиҳад, ки баъзе волидон аз никоҳи яктарафа (мусулмонӣ) ва беқайдгирии давлатӣ тӯй кардани фарзандонашон худдорӣ кунанд, ки чунин ҳолатҳо имрӯз ба мушоҳида мерасад.
Мо ба хотири осонии кор, камхарҷ гузаштан, таъмини амнияти арӯсу домод ва ошнову дугонаҳои онҳо (худо накарда дар он роҳҳои морпечу душворгузар фалокате рух диҳад) чунин пешниҳод кардем, вале қонуншиканиро мисол овардани раис ( номаълум чӣ гуна қонуншиканӣ) моро водор сохт ноилоҷ пайи иҷрои он шавем, ки дар натиҷа як қатор мушкилоти дигар пеш омад. Акнун арӯс тақозо мекард, ҳатман онҳоро бояд дастаи ҳофизон ҳамроҳӣ кунанд, ҳарчанд мушкилоти роҳу ғайриимкон будани 2-3 автомашинаро мисол меовардем лекин арӯсшаванда ҳамоно иҷрои хоҳиши худро тақозо мекард. Дар чунин ҳолат кӣ метавонад, хоҳиши ӯро рад кунад, як сухани ноҷо ё як амали хато дар чунин лаҳзаҳои ҳаёт аҷаб нест аз боиси хонавайронӣ гардад. То ҷое ӯ низ ҳақ буд, арӯсу домодро бе мусиқӣ то хонаи ақду никоҳ бурдану овардан, ки дар роҳ кӯдакону наврасон ва калонсолон ҳамроҳӣ мекарданд, бемаънӣ ва таҳқиромез буд. Чунин ҳолат аз боиси пардохти иловагӣ барои ҳофизону наворбардор ва соҳибони автомашинаҳо гардид, ки харҷи тӯйро зиёдтар намуд.
Мо ҳамеша интизор мешавем кай пешомади нохуше моро гиребонгир мешавад, ки баъдан аз он сабақ гирифта, хатогии худро ислоҳ кунем, на аз он ки мақоли « илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ бояд» - гуфта оқибати ҳар кору амалро пешакӣ андеша намоем. Замоне, ки дар интернати кӯдакони ноқисулақли «Чорбоғ» сӯхтор сар зада, чандин нафар ҷони худро аз даст доданд, баъдан намояндагони мақомоти дахлдор шабӯ рӯз дар муассисаву идораҳои давлатӣ «рейд» гузаронида садҳо қонунвайронкуниро ошкор ва даҳҳо нафарро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Ҳарчанд имконияти пешгирии сар задани ин фоҷиа буд, вале чун одат баъди кор аз кор гузаштан, мо ба худ омада, бонги хатар мезанем.
Бо мушкилоте 10-12 нафарро аз ҳисоби ҷӯраву дугона ва ҳофизу нақорачӣ ва намояндаи тарафи арӯсу домод дар ду мошин ҷой намуда ба роҳ баромадем. Падари мӯйсафедам ҳар лаҳза таъкиди ҳушёрию дар роҳ эҳтиёткор буданро карда, аз расму русуми ин замона изҳори норизогӣ мекарданд. Бо азобе даст дар гиребон пастиву баландиҳои роҳи морпечи деҳаҳои Фатмев-Гузари Бод-Рарзро гузашта, дар чанд ҷой низ бинобар сабаби вазнини роҳ пиёда шуда, бо мушкилӣ ба ҷамоат расидем. намояндаи ҷамоат зани миёнасоле шояд азоби моро дарк кард, ки ба зудӣ ҳуҷҷатҳоро тахт карда, арӯсу домодро табрик ва ба онҳо бахти сафед орзӯ намуд. Ҳузури ин занро бо суханрониҳои зебову пурмуҳтавояш борҳо дар маъракаҳои аҳли диёр шунида, аз он гиламандӣ кардам, ки наметавонад дар маъракаи мо иштирок кунад. Аз афташ худи ӯ аз чунин ранг гирифтани кор хушноям буд ва узр пурсид, ки дигар илоҷ надорад ва чунин супориш шудааст.
Дар сурате, ки қонуну санадҳо ба хотири некуаҳволии халқ, барои камхарҷии маросимҳои мардумӣ эҷод мегарданд, пас зерқонунҳои дигарро киҳо эҷод мекунанд. Вобаста ба муҳиту шароит қонунҳоро бояд танзим кард. Агар дар шаҳр як мошинро даъват кунӣ, мебинӣ, ки даҳтои дигар аз пасаш омадааст, вале дар деҳот чунин нест ва ин чиз бояд аз назари танзимгарон берун намонад.
Гоҳо ончунон мардумро тарс медиҳанд, ки марди аз дигар деҳа ба ҷаноза омадаро, касе ғайрати ба хонааш даъват кардан намекунад ва танҳо бо баҳонаи таҳорат кардан, ҳаққу ҳамсояҳо ба ӯ косаи обе ё хӯрокеро пешаш мегузоранд. Чӣ бадӣ дорад нафареро, ки ба хотири хешу таборӣ ва дӯстиву шиносоӣ ба ҷаноза омадааст, нону намак кардан. Дар ҳоле ки дар муҳити деҳот аз деҳаҳои дурдаст мардуми ба ҷаноза омада, то нимаи рӯз барои ба хок супоридани маит интизорӣ мекашанд. Мардум имрӯз хуб дарк карданд, ки дар ин гуна рӯзҳои мусибат дастурхони пурнозу неъмат густурдаву мол намекушанд, вале ҳамчун мизбон, соҳиби хона барои эҳтироми диёрдорӣ ва ҳурмати фарди аз берун омада, буридаи нон ва пиёлаи чойро наздаш мегузоранд.
Аз рӯи нақли як нафар шиносам як марди кӯҳистониро барои зиёфат додани мусофирон-онҳое , ки ба ҷаноза омаданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Тӯю маросим ва урфу одат анъанаи ҳазорсолаҳоянд вобаста ба давру замон кӯшиш намуд онҳоро соддатар, оммафаҳм ва барои мардум дастрасу осон намуд, на ин ки аз рӯи мақоли «ба ҷои салла калларо овард» амал намуда, барояшон мушкилӣ эҷод намуд.
Мардум имрӯз худ роҳи осони ҳалли масъаларо ҷӯё аст ва мо бояд дар ин кор ба онҳо кӯмак кунем. Дар муҳити танги деҳот, ки дар ҳар қадам норасоии техника, сӯзишворӣ ба назар мерасад, бояд роҳбарони ҷамоатҳо барои осон кардани мушкили маъракаороён чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар боби 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муқаррароти умумӣ омадааст:
«Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст».
Ҳарчанд дар қонун мақсаду вазифа хело возеҳу равшан ва фаҳмо омадааст, моро лозим дар асоси он иҷроиши талаботи мавҷударо оқилона ба роҳ монем ва то ҷое мо метавонем вобаста ба муҳиту шароит онро боз соддатру осонтар ва камхарҷтар намоем.

Отправить комментарий

КАПЧА
Этот вопрос задается для того, чтобы выяснить, являетесь ли Вы человеком или представляете из себя автоматическую спам-рассылку.