Дар бораи мо

ASIA-PLUS 15 СОЛ ДАР БОЗОРИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН!
 
Боэътимодии бо Вақт Санҷидашуда.
 
ASIA-Plus – гурӯҳи расонаҳои мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бозори иттилоотии кишвар аз соли 1995 фаъолият дорад. Оҷонсии иттилоотӣ, Нашрия ва Ширкати телевизион ва радиоро дар бар мегирад.
 
ОҶОНСИИ ИТТИЛООТӢ
 
Оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон ASIA-Plus тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шудааст. Дар моҳи апрели соли 1996 ҳамзамон ба забонҳои русӣ ва англисӣ шумораи якуми варақаи иттилоотию таҳлилии Оҷонсӣ интишор гардид. ASIA-Plus дорои шабакаи хусусии хабарнигорон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин дар Русия, ИМА, Бритониёи Кабир мебошад. Имрӯз аз хидматрасонии иттилоотии Оҷонсии иттилоотии ASIA-Plus Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, Парлумони кишвар, вазорату идораҳо, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ, тамоми сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, бештари созмонҳои байналмилалии дар кишвар фаъолиятдошта истифода мекунанд. Сомонаи иттилоотии www.news.tj (www.asiaplus.tj) аз рӯйи шумораи корбарон пешсафи мутлақ дар ҳавзаи интернетии TJ мебошад.
 
НАШРИЯ
 
Нашрияи ҷамъиятию сиёсии ASIA-Plus аз моҳи январи соли 2000 чоп мегардад. Аз рӯйи натоиҷи соли 2000 ASIA-Plus аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ нашрияи хабарҳои аз ҳама фаврӣ ва дақиқ номида шуд. Дар соли 2001 ASIA-Plus соҳиби ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ гардид. Имрӯз адади нашри "Азия-Плюс" дар байни нашрияҳои ҷамъиятию сиёсии кишвар аз ҳама баландтарин аст ва он мавқеи устувори пешсафи бозори нашрияҳои Тоҷикистонро ишғол кардааст.
 
Маҷаллаи ҷилодори VIPzone замимаи иттилоотию тафреҳии нашрияи ASIA-Plus мебошад, аз 14-уми марти соли 2008 ба табъ мерасад.
 
ШИРКАТИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
 
Радиои ASIA-Plus - нахустин радиои мустақили Душанбе. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дод, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд. Доираи фарогирӣ - Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт.
 
Студиёи истеҳсолии телевизионӣ. Бо дастгоҳҳои рақамии DVCAM муҷаҳҳаз гардидааст. Тамоми намудҳои маводи видеоиро таҳия мекунад - сужаҳои хабарӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва таълимӣ, наворҳои тарғиботӣ (рекламавӣ), клипҳои суруду оҳангҳо.
 
МАКТАБИ МУСТАҚИЛИ РӮЗНОМАНИГОРӢ
 
Мактаби мустақили рӯзноманигории "Тоҷикистон - асри XXI" - ташкилоти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигорони ASIA-Plus дар соли 1999 таъсис гардидааст. Шарики гурӯҳи расонаҳои ASIA-Plus оид ба гузаронидани барномаҳои омӯзишӣ мебошад. Мактаб дар пойтахт ва тамоми минтақаҳои кишвар беш аз 100 тренинг, семинар, мастер-класс ва давраҳои омӯзиши рӯзноманигории амалиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии журналистони тоҷик баргузор кардааст. Ба ҳайси тренер дар давраҳои омӯзишии Мактаб устодони марказҳои рӯзноманигорӣ ва журналистони варзидаи Тоҷикистон, Русия, ИМА, Бритониёи Кабир, Олмон, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар ҷалб шудаанд.
 
Шиори моКАСБИЯТ, БЕҒАРАЗӢ, МУСТАҚИЛӢ.
______________________________________________________________________________
 
САРВАРИ ИҶРОИЯ: Зебо ТОҶИБОЕВА
 
МУҲАРРИРИ БАХШИ ИТТИЛООТӢРоза ШАПОШНИК
 
ХАБАРНИГОРОНАваз ЮЛДОШЕВ, Наргис ҲАМРОБОЕВА, Мавҷуда ҲАСАНОВА, Пайрав ЧОРШАНБИЕВ, Зарина ЭРГАШЕВА, Расули ШОДОН, Шоҳнаврӯз АФЗАЛШОЕВ (Хоруғ), Турко ДИКАЕВ (Кӯлоб), Сайраҳмон НАЗРИЕВ (Қӯрғонтеппа), Бахтиёр ВАЛИЕВ (Хуҷанд), Мавлуда РАФИЕВА (Хуҷанд), Зафар МУРОДОВ (ИМА, Ню-Йорк), Муродалӣ УМАРОВ (ИМА, Вашингтон)
 
БАРОИ ИТТИЛОИЯҲО: e-mail: info@asiaplus.tj, факс: +992372275619, тел. +992372217863, +992372217220
 
ОИД БА МАСОИЛИ ОБУНА: agency@asiaplus.tj, Бахтиёр ҲОШИМОВ, тел.: +992935019805
 
БАРОИ МАКТУБҲО БО РОБИТАИ МУТАҚОБИЛА: e-mail: admin@asiaplus.tj, Нишонӣ: Оҷонсии иттилоотии «АЗИЯ-Плюс», хиёбони С.Шерозӣ 16, ошёнаи 2, Душанбе, Тоҷикистон. Сомона: www.news.tj.

Хабарҳои машҳур

News no

Назарҳо

News no

29.08.2016 12:32
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин со...