Ҳабси мушовири президенти Тоҷикистон ба гумони фасодкорӣ

12/06/2015 10:41
ASIA-Plus
Views: 3945

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар содир шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, мансабдори воломақоми давлатӣ ҳафтаи гузашта бевосита дар ҷойи кораш ба ҳабс гирифта шудааст.

«Ҳ. Раҷабов ба содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дар замоне гумонбар дониста мешавад, ки сардори бевоситааш ёвари онвақтаи президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Абдуҷаббор Азизӣ буд. Айни замон ӯ муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аст», - зикр кард манбаъ.

Дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дастрас нест.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no