Афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

14/07/2016 13:11
Пайрав Чоршанбиев
Views: 3069

Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта, тақрибан 177 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз то 7 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда мешавад.

Захираҳои ангишт дар корхонаҳои истихроҷ ва нуқтаҳои фурӯши он бо назардошти бақияи солҳои гузашта 170 ҳазор тонна арзёбӣ мешаванд.

Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 15 корхона машғул мебошанд. Конҳои «Фон-Яғноб», «Зиддӣ», «Назар-Айлоқ» ва «Сайёд» аз манбаъҳои нисбатан бузурги истихроҷи ангишт маҳсуб меёбанд

Айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 1 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 130 тонна зиёдтар аст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no