Агентии зиддифасод амволи ғайриманқули Ҳоҷӣ Ҳалим ва Кабириро месанҷад

02/02/2016 09:45
Аваз Юлдошев
Views: 1850

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон фаъолияти соҳибкории Ҳоҷӣ Ҳалим ва Муҳиддин Кабириро мавриди санҷиш қарор додааст.

Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии мазкур иттилоъ дода шуд, ки бо қарори роҳбари гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ оид ба тафтиши исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиа Ҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар моҳи сентябри соли гузашта, кормандони Агентии зиддифасод 12 иншоотро мавриди санҷиш қарор додаанд, ки аз ҷониби генерали ошӯбгар ва наздикони ӯ хусусӣ гардонида шудаанд.

Қайд шуд, ки баъди санҷиши қонунӣ будани хусусигардонии 8 иншоот ошкор карда шудааст, ки ба воситаи сохтакории ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба давлат дар ҳаҷми 5,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки кормандони Агентӣ ҳамчунин 42 иншооти маъмурӣ ва истиқоматӣ, боз 70 иншооти гуногуни мутааллиқ ба раиси Ҳизби фаъолиятиаш манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро низ ошкор намудаанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no