Агентии зиддифасод маълумоти озод шудани муҳаррири «Шабакаи аввал»-ро рад мекунад

30/05/2015 12:29
Мавзуна Абдуллоева
Views: 4098

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз таҳти ҳабс озод шудани муҳаррири шабакаи давлатии телевизиони «Шабакаи аввал» Хайрулло Мадисоевро, ки ба гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, рад мекунад.

Котиби матбуоти Агентии зиддифасод Олимҷон Забирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон тафтиши парванда нисбати Х.Мадисоев ба итмом нарасидааст. «Агар ӯ мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ зиёни молиявиро ҷуброн карда, ҷаримаро пардохт намояд, метавонад аз ҳабс озод шавад», - зикр кард Забирзода.

Ёдрас мекунем, ки авали моҳи апрел Агентии зиддифасод муҳаррири барномаҳои сиёсии телевизиони «Шабакаи аввал» Хайрулло Мадисоевро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА аз шаҳрванд «Н» боздошт намуд. «Х.Мадисоев ҳамроҳ бо муҳандиси заминсози ҷамоати Лоҳури ноҳияи РӯдакӣАбдусаттор Мирзоев барои миёнаравӣ дар гирифтани қитъаи замин аз сокини ин ҷамоат «Н» 6 ҳазор доллари ИМА маблағ талаб кардаанд», - хабар дода буд Агентӣ.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати Хайрулло Мадисоев ва Абдусаттор Мирзоев мутобиқи моддаи 247, қ. 4, б. «б»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Тамаъҷӯии пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no