Ҳалокати 1 нафар ва захмӣ шудани 2 тан аз гулӯлаи нотаркида дар ноҳияи Шоҳин

17/08/2016 09:57
Аваз Юлдошев
Views: 2151

Дар ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон аз таркиши гулӯлаи мошини ҷангии хушкигард (БМП) 1 нафар ҳалок ва 2 тани дигар захмӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фвақулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, се нафар сокинони деҳаи Зулмободи ҷамоати Шӯроободи ноҳияи мазкур ҳангоми чаронидани чорво гӯлулаи нотаркида аз мошини ҷангии хушкигардро дарёфт карда, ба сӯи он сангпартоӣ кардаанд.

«Дар натиҷа гулӯла таркида, бар асари он Самихон Шарифови 28-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва Саъдӣ Сафараҳмади 26-сола ва Маъруфи Саидаҳмади 15-сола захмӣ шудаанд. Навраси 15-сола аз як дасту як чашмаш маҳрум шудааст», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ба андешаи сокинони маҳаллӣ, ин гулӯла аз соли гузашта пас аз хурӯҷи полки пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз Кӯлоб боқӣ мондааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no