Ҳалокати шоира Эътибор Юсуфӣ бар асари ҳодисаи нохуш

28/07/2016 14:18
Мавлуда Рофиева
Views: 4089

Дар минтақаи шимоли кишвар автомашинае, ки дар дохилаш оилаи шоира Эътибор Юсуфӣ ҳузур дошт, зери сангреза монда, ба ҷарӣ сарозер рафт ва бар асари он 7 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, дар автомашина шоираи ҷавон бо ҳамсару кӯдакаш, янга, бародар, хоҳар ва ҷияни ӯ ҳузур доштаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 27 июл дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух дода, миёни ҳалокшудагон ду нафарашон кӯдакон ва яке аз онҳо тифли навзод мебошад.

Эътибор Юсуфӣ 26-уми январи соли 1986 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ба дунё омада, онҷо камол ёфтааст. Эътибор Юсуфӣ дастпарвари факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Маҷмӯаҳои ашъораш бо номҳои «Фариштаи умед», «Атри борон» ва «Хуршеди шаб» ба табъ расидаанд.

Тибқи маълумоти Шуъбаи БДА дар вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди минтақаи шимоли кишвар 139 ҳодисаи (ҳамин давраи соли гузашта – 157 ҳодиса) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 53 нафар ҳалок (соли 2015 – 63 нафар) ва 141 нафар (соли 2015 – 165 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 42 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2015 – 35 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, 9 нафар ноболиғон (соли 2015 – 11 нафар) ҳалок ва 36 нафар кӯдакон (соли 2015 - 31 нафар) ҷароҳат бардоштанд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no