Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон

25/07/2016 11:42
ASIA-Plus
Views: 3872

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Кобул, ки ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани нафарони зиёд боис гардид, ба раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андӯҳи бузург  дарёфтам».

«Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ  таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамгуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем», - омадааст дар барқия.

Дар фарҷоми барқия сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи  фавтидагон эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқ изҳор намуда, шифои комили ҳамаи осебдидагонро хостааст.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ВАО, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни издиҳом дар майдони Деҳмазанг ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки онро ду маргталаб анҷом доданд. Террористи сеюми ба майдон воришударо кормандони пулис боздошт карданд. Бино ба маълумоти ахир, бар асари ин амали террористӣ 80 нафар ҳалок ва беш аз 230 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон ҳамла ба иштирокчиёни гирдиҳамойии осоиштаи рӯзи 23 июл дар Кобулро қотеъона маҳкум намуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no