Ғарқшавии 6 нафар рӯзҳои истироҳати гузашта

01/08/2016 14:20
ASIA-Plus
Views: 2430

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар кӯлу дарё ва обанбору дигар ҷойҳои оббозии кишвар 6 нафар шаҳрандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла 2 нафар кӯдакони хурдсол ғарқ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш 2 нафар мардони 18 ва 13-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ғарқ шуда, ҷасадҳои онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.

Гуфта мешавад, санаи 31 июл ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ, дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олӣ, ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Лермонтови  ноҳияи Бохтар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Барои дарёфт намудани ҷасади ҷавон чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ  идома доранд.

Рӯзи охири ҳафта духтарчаи дусола, сокини деҳаи Маҳмадшои болои ноҳияи Рӯдакӣ ва  писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Исоеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз беназоратии волидайнашон ба ҷӯйбор афтида, ба ҳалокат расидаанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no