Қатли низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Хатлон

03/08/2016 13:49
Аваз Юлдошев
Views: 3624

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 30 ба 31 июл зимни ҷанҷолу занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ сержанти калони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар ин шаҳр кушта шуд.

Тибқи иитилои як манбаи «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сержанти калон Алексей Буенкои 40-сола дар қаламрави тарабхонаи «Карина» кушта шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ба тафтиши ҳодиса шуъбаи маҳаллии ВКД ва мақомоти прокуратураи шаҳр машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят дар заминаи маишӣ содир шуда, ба гумони даст доштан дар куштор якчанд нафар боздошт шудаанд. Алексей Буенко ҳамсар ва 2 фарзанд доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба як афсари пойгоҳ дар ин робита менависад, ҳодиса шаби шанбе ба якшанбеи гузашта дар тарабхонаи “Карина”-и шаҳри Қӯрғонтеппа рух додааст. Ӯ гуфтааст, "он шом миёни сарбози рус ва ҷавонҳои тоҷик муноқишае бархост ва дар натиҷа сарбози рус кушта шуд."

Шоҳидони ҳодиса - пешхизматҳои тарабхонаи "Карина" ба Озодӣ гуфтаанд, ки он шом нахуст миёни як ҷавон бо номи Аҳлиддин ва сарбози рус муноқишае бархост: "Аҳлиддин берун рафт ва баъди муддате корд дар даст баргашт ва ба сарбози рус ҳамла кард". Онҳо мегӯянд, сабаби ин моҷаро барои онҳо ҳам маълум нест. Аз рӯи иттилои онҳо, он шом сарбоз ҳамроҳ бо ҳамсари русаш, ки сокини Қӯрғонтеппа мебошад ва чанд дӯсти дигараш истироҳат мекард.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no