Азнавсозии нерӯгоҳи Норак: ҳамаи 9 агрегат иваз мешавад

12/08/2016 15:09
Asia--Plus
Views: 3154

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз, 12 август конфронси сатҳи баланд оид ба баррасии лоиҳаи азнавсозии нерӯгоҳи Норак доир гардид, ки ҳадафи аслии баргузории он ҳамоҳангсозии амалҳои шарикон дар масъалаи ҷалби сармоягузорӣ барои таҷдиди нерӯгоҳ аст.

Дар кори конфронс нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид, ёвари президент оид ба масоили иқтисодӣ Фаррух Ҳамраализода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, намояндагони Бонқи ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки осиёгии сармоягузорӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Вазрати рушди байнулмилалии Британияи Кабир иштирок карданд.

Дар конфронс таъкид шуд, ки барои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Норак, ки дар ду марҳила амалӣ мешавад, дар маҷмӯъ тақрибан 700 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Дар доираи корҳои азнавсозии нерӯгоҳ ивази ҳамаи 9 агрегат, 6 автотрансформатор ва ҳамчунин анҷоми корҳои таҳкими сарбанд ва обпартоҳо дар назар аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак дар дарёи Вахш воқеъ аст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, агрегати аввал соли 1972 ва агрегати охирин - соли 1979 ба истифода дода шуд. Дар нерӯгоҳ 9 агрегат бо иқтидори умумии 3000 мВт насб шудааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no