Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса

15/07/2016 16:45
ASIA-Plus
Views: 3396

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Фаронса ба президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки мӯҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд».

«Ин ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ, боз як намунаи аъмоли зишти нерӯҳои аҳриманист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Ба ин манзур Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад», - омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон бо изҳори тасаллияту таъзия ба тамоми мардуми дӯсти Фаронса ва шифои комил ба маҷрӯҳшудагон, аз Президент хоҳиш кардааст, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистонро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ин ҳамлаи террористӣ тибқи маълумоти ахири ВКД Фаронса, 84  нафар ҳалок, аз ҷумла 10 нафари онҳо кӯдакон ва 18 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Франсуа Олланд ин амалро террористӣ унвон кард. То ҳол ҳеҷ кадоме аз созмонҳо масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no