Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Покистон

09/08/2016 10:01
Asia-Plus
Views: 2830

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ба маргу захмишавии нафарони зиёд боис гардид, ба сарвазири ин кишвар Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри Кветта, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳу нафрати беандоза дарёфтам».

«Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд», - омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комили хостааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористӣ дар назди дарвозаи бемористони шаҳри Кветта 93 нафар ҳалок ва беш аз 50 тан осеб диданд. Масъулияти ҳамларо яке аз воҳидҳои ҳаракати «Толибон» - Ҷамоат-ур-Аҳрор» ба дӯш гирифтааст. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no