Баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Ҷопон

17/08/2016 13:32
Asia--Plus
Views: 2236

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода имрӯз бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока дидру гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон доир ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои барои ҳарду кишвар судманд табодули назар сурат гирифт.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no