Баррасии имконоти кишвар дар пешгирии офатҳои табиӣ

19/04/2016 09:46
ASIA-Plus
Views: 1237

Дар бинои намояндагии Барномаи рушди СММ дар Душанбе имрӯз, 19 апрел маҷлис доир гардида, дар он масъалаи таҳкими имконоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар самти пешгирии офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа аз иштироки намояндагони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва кормандони як қатор сафоратхонаҳои муқими Душанбе интизорӣ меравад.

«Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа таҳияи барномаи кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими имконот барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар назар аст», - гуфт манбаъ.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no