Беҳбуди таъмини барқ дар зимистон аз ҳисоби навбати дуюми МБГ Душанбе-2

03/08/2016 16:57
Пайрав Чоршанбиев
Views: 3572

Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав беҳтар мешавад.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарии рӯзи 2 август дар ин робита изҳор намуд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бо иқтидори умумии 300 МВт нерӯи барқ ва 157 гигакалорий гармӣ ба истифода дода шуда, ба ин васила таъмини аҳолӣ бо нерӯӣ барқ беҳтар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Исмоилзода таъкид дошт, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав, ҳамасола аз ҳисоби таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши шумори аҳолӣ шумори истеъмолгарони нерӯи барқ низ меафзояд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар МБГ «Душанбе-2» 7 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил дода, ғайр аз ин, дар марказ аз ҳисоби истеҳсоли гармӣ низ боз ҳудуди 300 млн. кВт/соат нерӯи барқро дар мавсим сарфа карданианд: қисмате аз бино ва манзилҳои пойтахт зимистон аз ин марказ бо гармӣ таъмину шуда, дигар барои гармӣ нерӯи барқ истифода намешавад.

Қобили зикр аст, ки дар давраи аз ҳама сардтарини мавсими тирамоҳу зимистон дар шаҳри Душанбе то 14 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мешавад.

Бевосита амалисозии лоиҳаи сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2 моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби ширкати Tabian Apparatus Co. (Tbea)-и Чин оғоз гардид. Навбати аввали МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт моҳи январи соли 2014 мавриди истифода қарор гирифт. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no