Боздиди сафири ИМА аз ВКХ Тоҷикистон

17/08/2016 09:35
Asia--Plus
Views: 2063

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 16 август сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо натиҷаи дуюмин мулоқоти вазирон дар сиғаи С5+1, сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 август дар Вашингтон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии  вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар сиғаи С5+1 ширкат варзида, дар он масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, муҳити зист ва масъалаҳои башардӯстона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no