Дар Душанбе имконоти беҳбуди вазъи бехатарии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ мешавад

07/07/2016 15:00
ASIA-Plus
Views: 3144

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 8 июл доир ба баррасии гузориши «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва Нақшаи идоракунии муҳити зист», ки барои лоиҳаи барқарорсозӣ ва беҳбуди ҳолати бехатарии сарбанди нерӯгоҳи Роғун омода шудааст, вохӯрии машваратӣ доир мегардад, ки аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик дар ҳамдастӣ бо ТҶ «Кӯҳистон» созмон дода мешавад.

Аз ТҶ «Кӯҳистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо ҷалби намояндагони ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини тамоми шароитҳои зарурии воқеъӣ будани ҳуҷҷати мазкур, ҳамчунин мутобиқати он ба меъёрҳои байнулмилалии техникӣ ва инъикоси маълумоти бадастомада дар ҷараёни машварат гузаронида мешавад.

«Ҳисоботи пешакӣ аз ҷониби Tractebel Engineering (ширкати Бельгия, ки ба гурӯҳи «GDF Suez» шомил аст) омода шуда, аммо шакли ниҳоии ҳисоботҳо танҳо баъди дастрас шудан ва омӯзиши дақиқи шарҳу тавзеҳҳои шахсони манфиатдори намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ омода мешаванд», - гуфта мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки Ширкати Salini Impregilo-и Италия ният дорад, ки аллакай соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад.

«Турбинаи аввал бояд моҳи августи соли 2018 ба истифода дода шуда, сипас моҳи октябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани турбинаи дуюм ҳам дар назар аст», - қайд мешавад дар маводи рӯзи 6 июл чопшудаи маҷаллаи ширкати Salini Impregilo.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no