Доналд Трамп хориҷ шудани ИМА-ро аз СУС аз эҳтимол дур намедонад

25/07/2016 11:05
ASIA-Plus
Views: 3705

Доналд Трамп, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон изҳор доштааст, ки дар сурати ғолиб омаданаш дар интихобот, метавонад бобати аз Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) хориҷ шудани кишвараш дастур диҳад.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо истинод ба АВС, Трамп қайд  кардааст, ки агар кадом як созмоне корхона дар ИМА-ро баставу истеҳсолотро ба Мексика гузарониданӣ мешавад, ӯро лозим меояд, ки боҷ пардохт намояд ва ҳаҷми ин боҷ то 35%-ро ташкил дода метавонад.

Ӯ таъкид доштааст, ки аз СУС хориҷ шудани ИМА барои кишвар ва дар маҷмӯъ иқтисоди ҷаҳонӣ ҳеҷ пайомади ногуворе нахоҳад дошт. «Ин созишномаҳои тиҷоратӣ, СУС ва  НАФТА (Созишномаи тиҷорати озод миёни Канада, ИМА ва Мексика) як фалокатанд», - иброз доштааст номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА.

Дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии NBC зимни посух ба саволи журналист доир ба эҳтимоли тариқи СУС нагузаштани чанде аз ташаббусҳои ӯ бобати андозбандии ширкатҳо дар бозори ИМА, Доналд Трамп зикр кардааст, ки «мо дар ин хусус такроран музокирот мекунем ё аз Созмон хориҷ мешавем».

Вакилони анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба пешбарии миллиардер Доналд Трамп ба сифати номзад ба мансаби раисҷумҳурӣ ИМА аз ин ҳизб раъй доданд. Аввали маъракаи интихобот аксари коршиносон базудӣ ноком шудани ӯро дар масъалаи пешбарӣ аз ин ҳизб пешгӯӣ карда буданд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no