Эҳтимоли сари як зани тоҷикро буридани лифт дар вилояти Маскав

22/02/2016 09:51
ASIA-Plus
Views: 1271

Дар шаҳри Королёви вилояти Маскав лифт барои кашонидану берун бурдани партов дар тарабхона ба бурида шудани сари як зани фаррош боис гардидааст.

Бино ба иттилои Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 21 феврали соли 2016 дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр бар асари вайрон шудани механизми борбардори дастгоҳи лифт барои кашонидани партов ба вуқӯъ пайвастааст.

Қайд мешавад, ки ҷойи ҳодиса аз назар гузаронида шуда, шоҳид бозпурсӣ ва ташхиси судиву тиббӣ таъин карда шуда, ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, РИА Новости менависад, зани ҳалокшуда «эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистон ё Ӯзбекистон аст».

«Як вақте зан мебинад, ки ба чоҳи лифт бастаи партовдор афтода, ӯ онро берун оварданӣ мешавад. Ин замон лифти механизми борбардораш вайрон ба кор даромада, ба болои сари зан поин меояд ва сари ӯро мебурад», - гуфтаанд муфаттишон ба хабаргузорӣ. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no