Эмомалӣ Раҳмон ба маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Рио намеравад

03/08/2016 11:48
Аваз Юлдошев
Views: 3283

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 3 август пас аз сафари расмӣ ба Индонезия ба Душанбе баргашт, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро иштирок намекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Адҳам Абуллозода низ дар олимпиадаи Рио ҳузур нахоҳад дошт.

Зимнан таъкид шуд, ки рӯзҳои баргузории олимпиада дар Рио дар ҷадвали кории сарвари давлати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёде пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2008 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин ширкат варзида буд. Моҳи июли соли 2012 низ сарвари давлати Тоҷикистон ният дошт, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон иштирок кунад, вале ташаннуҷи вазъ он замон дар шаҳри Хоруғ имкон надод, ки сарвари давлат ба хориҷи кишвар равад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, дар Деҳаи олимпии Рио-2016 Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, иштирок карданд.

Айни замон паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни +100 кг) дар риштаи дзюдо, муштзан Анвар Юнусов (вазни то 60 кг), шиноварон Олим Қурбонов  ва Анастасия Тюрина  (ҳарду дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), даванда Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) дар Деҳаи олимпӣ бо мураббиёни худ тамрин мекунанд. Гурзандоз Дилшод Назаров, ки ҳамроҳи ду мураббиаш аз Ҷумҳурии Чех тамрин дошт, имрӯз 3 август ба Рио-де-Жанейро меояд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no