Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия гулчанбар гузошт

01/08/2016 15:38
ASIA-Plus
Views: 2264

Нимаи дуюми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷакарта дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия "Калибата" гулчанбар гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.

Гуфта мешавад, оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия "Калибата" дар ҳудуди Маҷмааи ёдгориҳои Ҷакарта ҷойгир буда оромгоҳи ҳарбӣ маҳсуб мешавад ва ба хотираи қурбониёни муборизаҳои озодихоҳии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият аз Нидерландия дар солҳои 1945-1949 бунёд шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар оромгоҳ наздик ба 7 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Индонезия дафн карда шудаанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no