Эрдуғон ба посбонии ҳарими ҳавоии Туркия дастур дод

18/07/2016 11:24
ASIA-Plus
Views: 2701

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар таҳти посбонӣ гирифтани ҳарими ҳавоии Туркия дастур дод.

Нашрияи Коммерсантъ дар ин робита менависад, ин иқдом ба хотири таъмини назорат ва амният дар кишвар сурат гирифта, парвозҳоро ҳавопаймоҳои қиркунандаи F-16 анҷом медиҳанд.

Қаблан ВАО иттилоъ дода буданд, ки ҳукуматдорони Туркия ба тадбирҳои таҳкими амният дар Истамбул идома дода, роҳбари пулиси ин шаҳр фармон додааст, ки ҳама гуна чархболҳои дар фазои шаҳр пайдошударо бидуни огаҳӣ мавриди ҳадаф қарор диҳанд.

Ғайр аз ин, бо дастури ҳукумат 1800 нафар ҷангиёни дастаҳои таъиноти махсуси мақомоти пулиси вилоятҳои ҳамсоя низ ба шаҳри Истамбул оварда шуда, дар кӯчаву иншооти аз нигоҳи стратегӣ муҳим ҷойгир карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар иттилоияи махсуси худ ба ВАО изҳор менамояд, ки ҳодисаи дар Туркия рухдода талоши табаддулоти давлатӣ буда, ҳадафи он сарнагун сохтани ҳукумати ба таври демократӣ интихобшуда мебошад, ки мардуми Туркия бо ваҳдату ҳамраъйӣ онро пешгирӣ карданд.

«Президенти мо ва ҳукумат сари иҷрои вазифаашон қарор доранд. Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия бо ҳайати пурра ба кӯшиши табаддулот ҷалб нашудаанд. Ин амал аз ҷониби як гурӯҳ дар дохили он сурат гирифта, аз мардум посухи арзанда гирифт», - омадааст дар иттилоияи расмии сафорати Туркия дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки шаби 15 ба 16 июл дар Туркия аз ҷониби низомиён кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифта, тибқи маълумоти ахири ВАО, бар асари он 265 нафар ба ҳалокат расиданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди ҳодиса бо пахши маълумоти расмӣ изҳор намуд, ки миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no