Эрдуғон дар Туркия вазъи фавқулода эълон кард

21/07/2016 10:36
ASIA-Plus
Views: 3889

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки дар кишвар ба муддати се моҳ вазъи фавқулода ҷорӣ мешавад.

Нашрияи интернетии Meduza бо истинод ба Associated Press дар ин робита менависад, зарурати ҷорӣ шудани вазъи фавқулодаро президент муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳо ба демократияи Туркия унвон карда, изҳор доштааст, ки ин иқдом ба маҳдуд сохтани «озодиҳои заминавӣ» нигаронида нашудааст.

Дар муқаррароти вазъи фавқулода дар Туркия аз ҷумла маҳдудиятҳо дар озодии ҳаракату равуо, баргузории маҷлису чорабиниҳои оммавӣ, роҳандозии соати комендантӣ, таваққуфи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи Конститутсияи Туркия, Шӯрои амнияти миллӣ ба муҳлати на бештар аз 6 моҳ метавонад дар кишвар вазъи фавқулода эълон намояд. Ҷорӣ шудани вазъи фавқулода бояд аз ҷониби парлумон тасдиқ карда шавад, ки барои бекор кардани он низ ҳуқуқ дорад. Ҳангоми вазъи фавқулода ҳукумат вобаста ба вазъ дар кишвар қарорҳое қабул карда метавонад, ки ҳукми қонунӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 15 ба 16 июл дар Туркия аз ҷониби низомиён кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди ҳодиса бо пахши маълумоти расмӣ изҳор намуд, ки миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Дар доираи таҳкими тадбирҳои амниятӣ президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар таҳти посбонӣ гирифтани ҳарими ҳавоии Туркия дастур дод.

Кордори муваққатии Туркия дар Тоҷикистон Озкан Гултекин дар мавриди ин масъала ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки гурӯҳи ошӯбгароне, ки шаби 15 июл ба табаддулоти давлатӣ дар Туркия талош варзид, як қисмати ночизи артиши Туркия мебошад.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no