Газпром ба пармакунии чоҳи дуюми Сариқамиш оғоз карданист

12/07/2016 13:13
Заррина Эргашева
Views: 2127

Ширкати русиягии Gazprom International аз ҳукумати Тоҷикистон барои оғози корҳои пармакунӣ дар чоҳи дуюми майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав иҷозатнома дархост кардааст.

Сардори Саридораи геология назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки маълумот доир ба захираҳои саноатии нафту газ аз рӯи натиҷаҳои пармакунии алҳол ягона чоҳи «Шаҳринав 1-п» то ҳол ба онҳо дастрас нашудааст.

«Омӯзишҳои геологӣ ба итмом расида, аммо комиссияи давлатӣ оид ба захиарҳо то ҳанӯз аз ширкат дар ин хусус маълумот нагирифтааст ва мо перомуни дар он вуҷуд доштани захирахои нафту газ огаҳ нестем. Ширкат бошад, ба кори худ дар Тоҷикистон идома бахшиданист», - қайд кард ӯ.

М.Ҷумъазода шарҳ дод, ки ҷараёни корҳои пармакунии чоҳи дуюм низ ба мисли чоҳи аввад тӯлониву мушкил (4-5 сол) хоҳад буд.

«Умедвор шудан лозим нест, ки бо пармакунии як чоҳ Тоҷикистон бо нафту газ таъмин мешавад, ҳарчанд он аз ҳама чуқуртарин ҳам бошад. Дар Сибир барои дарёфти газ беш аз 600 чоҳ парма кардаанд», - ибрози андеша намуд дар ин хусус муовини сардори Саридораи геология Раҳмонбек Бахтдавлатов.

Майдони Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав, 36 километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Иҷозатномаи ҳуқуқи истифода аз боигариҳои зеризаминии ин қитъа бо майдони умумии 17150 га-ро Газпром моҳи сентябри соли 2008 ба даст овард.

Аввали соли равон Мурод Ҷумъазода Хол изҳор дошта буд, ки корхонаи фаръии ширкати «Газпром» дар майдони «Шоҳамбарии Ғарбӣ» ба корҳои пармакунии чоҳи нав оғоз карданист. «Мо ба мувофиқа расидем, ки имсол ҳамроҳ бба баргузор кардани корҳои геофизикӣ оғоз мебахшем, ки муддати 2-3 сол идома меёбанд. Пас аз ин ширкат барои пармаккунии чоҳи дуюм иҷозатнома мегирад», - гуфта буд номбурда.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данғара) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) даст кашида буд.

Тибқи арзёбии пешакии гузаронидашуда, захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми сармоягузориҳои умумии «Газпром» ба корҳои иктишофи геологӣ дар майдонҳои дорои иҷозатномаи Тоҷикистон аз оғози корҳо беш аз 5,5 млрд. рублро ташкил медиҳанд. Талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no