«Газпром» саранҷом Тоҷикистонро тарк мекунад

16/08/2016 10:21
Пайрав Чоршанбиев
Views: 1896

Ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон - дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад. Дар ин бора дар ҳисоботи семоҳаи чанд рӯз қабл интишоршудаи ширкат хабар дода мешавад.

Дар ҳисобот зикр мегардад, ки 18 майи соли равон Комиссияи марказӣ оид ба истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва раёсати интиқоли иҷозатномаҳои «Газпром» «дар робита ба минбаъд ғайримақсаднок будани баргузории корҳои омӯзиши боигариҳои зеризаминӣ дар майдони Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ», оид ба супурдани иҷозатномаҳо тасмим гирифтааст ва лоиҳаҳои санадҳои дахлдор айни замон мавриди имзошавӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, иҷозатномаҳо барои корҳои омӯзиши геологии майдонҳои ояндадори Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ дар Тоҷикистонро ширкати «Gazprom International» 15 сентябри соли 2009 дастрас карда, онҳо то 15 сентябри соли 2018 амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 1 моҳ пеш сардори Саридораи геология назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изҳор намуда буд, ки ширкати русиягии Gazprom International аз ҳукумати Тоҷикистон барои оғози корҳои пармакунӣ дар чоҳи дуюми майдони ояндадори нафту гази Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав иҷозатнома дархост кардааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данғара) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) даст кашида буд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мебояд гуфт, айни замон дар Тоҷикистон корхонаи дигари фаръии «Газпром» - ҶДММ «Газпромнефт - Тоҷикистон»  низ фаъолият дорад, ки ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст.     

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no