Гумонбарии кормандони беморхонаи Кӯлоб ба азхудкунии беш аз 1,2 млн. сомонӣ

26/11/2015 10:43
ASIA-Plus
Views: 5670

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ сармуҳосиб ва хазинадори беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Одинаев ва Саидхӯҷа Асроров ва ҳамчунин мутахассиси Шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Маҳмуд Мирзокаримовро ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ азхудкунии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти Агентии зиддитфасоди ҷумҳурӣ дар ин робита менависад, шахсони номбурда бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ғаразнок ва барои ба даст овардани даромади муфт, дар давоми солҳои 2013-2015 аз ҳисоби даромади маблағҳои хизматрасонии пулакӣ ба воситаи сохтакорона тартиб додани расидҳои бонкӣ аз ҳисоби буҷет ба номи хазинаи Беморхонаи вилояти, №2 шаҳри Кӯлоб, дар 211 ҳолат маблағи 1 млн. 240 ҳазору 500 сомониро азонихуд намуда, ба манфияти шахсияшон сарф намудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ маблағи зикршуда аз гумонбаршудагон ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, дар буҷет барқарор карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон бо моддаҳои 245 (азонихудкунӣ ё камомад) ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад ва сабабу шароитҳои содир гаштани ин ҷиноят муайян мешавад.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no