«Тоҷиксодиротбонк» далели лату кӯби кормандашро рад кард

17/08/2016 09:08
Asia--Plus
Views: 2418

Маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маълумоти лату кӯби сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оевро аз ҷониби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов рад кард.

«Аз ҷониби кормандони мудирияти муваққатӣ нисбат ба Оев А. ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст», - қайд мешавад дар маълумоти сомонаи расмии бонк.

Бино ба ин маълумот, Оев Абулмуъмин аз соли 2008 то инҷониб фаъолият намуда, барои таъмини пешгирии сӯхтор дар иншооти Ҷамъияти мазкур масъул аст ва инчунин назорати сенсорҳои зиддисухторӣ, ки пешгирии сӯхторро таъмин менамоянд, низ ба зиммаи ӯ вогузор карда шудааст.

«Муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисӯхторӣ аз рӯи таъиноташон амалӣ нагашта, дар якчандтои онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гӯш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад», - омадааст дар хабари ҶСК «Тоҷиксодиротбонк».

Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз мудирияти муваққатии дар Бонки мазкур таъиншуда ҷиҳати пешгирии чунин омилҳои ғайриқонунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба ин амал дахлдошта тасмим гирифтааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оев, ки аз лату кӯби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов осеб дидааст, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ариза дода, дар он М.Ёқубовро дар лату кӯб, кӯшиши куштор ва ҳамчунин туҳмат айбдор кардааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no