ИМА маҳбуси тоҷики зиндони Гуантанаморо ба ихтиёри Сербия супурд

12/07/2016 08:43
ASIA-Plus
Views: 2393

- Ду нафар маҳбусони зиндони ҳарбии ИМА дар Гуантанамо - зодаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Давлатов ва шаҳрванди Яман Мансур Аҳмад Саад ал-Дайфӣ ба Сербия интиқол дода шуданд, - хабар медиҳад РОСБАЛТ бо истинод ба Reuters.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, Вазорати мудофиаи ИМА ин иқдомро маъқул шуморида, ин барои аввалин бор аст, ки маҳбусони Гуантанамо ба Сербия фиристода шуданд. Қаблан хадамоти ВВС иттилоъ дода буд, ки яке аз маҳбусони Гуантанамо ба Италия интиқол дода шудааст.

Хабаргузорӣ менависад, аксари маҳбусони Гуантанамо бидуни пешниҳоди айбномаву ҳукми суд дар ин зиндон нигаҳдорӣ мешаванд, ки бисёре аз онҳо беш аз 10 сол дар он қарор доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ барои шароити нигаҳдории маҳбусон дар ин зиндон аз ИМА интиқод мекунанд. Айни замон дар ин зиндони воқеъ дар пойгоҳи низомии ИМА дар Куба 76 нафар қарор доранд.

Зиндони махсус дар пойгоҳи низомии амрикоии Гуантанамо дар Куба баъди оғози муборизаи сартосарӣ бо «Ал-Қоида» соли 2001 ба фаъолият оғоз кард. Президенти ИМА Барак Обама кайҳост, ки фаъолияти ин иншоотро қатъ карданист, аммо Конгресси ИМА мухолиф буда, ҷудо кардани маблағ барои интиқоли маҳбусон ба зиндонҳои дигар дар қаламрави ИМА-ро рад мекунад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, интиқоли Муҳаммадӣ Давлатов шаш сол пеш баъди он пазируфта шуд, ки парвандаи ӯ аз сӯи вазорати дифоъ, вазорати умури хориҷӣ, вазорати адлия, раиси Раёсати кашфи миллӣ ва Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои ИМА баррасӣ шуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no