Истеҳоли маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон 30% афзуд

17/08/2016 13:14
Asia--Plus
Views: 2363

Дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 70 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30,3% зиёдтар аст.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ба зиёд шудани истеҳсоли бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут ва асфалт вобаста аст.

Ба иттилои манбаъ, тӯли 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд буда, истеҳсоли бензин (396 тонна) - қариб 14%, мазут ҳудуди (3,7 ҳазор тонна) - 30% ва асфалт (62 ҳазор тонна) - 44% афзудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, аз оғози сол дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 7,5 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-июли соли 2015 ба андозаи 13,5% бештар мебошад.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no