Истеҳсоли 156 ҳазор тонна алюминий дар соли равон

02/08/2016 13:48
Заррина Эргашева
Views: 3400

Зимни нишасти хабарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ маълумот дода шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 73 ҳазору 101 тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6% зиёдтар мебошад.

Соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон дар сатҳи 156 ҳазор тонна пешгӯӣ мешаванд, ки нибат ба соли 2015 ба миқдори 16,4 ҳазор тонна бештар аст.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод зикр кард, ки дар саросари ҷаҳон тамоили кам шудани талабот ба алюминий ва мутаносибан коҳиши нархи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба мушоҳида расида, ин ба иқтисоди кишварҳои мутараққӣ вобаста аст, масалан дар кишварҳои дорои саноати мошинсозӣ, ки дар он аз алюминий истифода мешавад.

«Нархҳо ба ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон - нахи пахта ва алюминий ба таври кофӣ тағйирёбанда ва ноустувор аст. Агар ба арзиши алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ назар андозем, имрӯз 1 тоннаи он бо нархи 1645 доллари ИМА фурӯхта шуда, нархи миёна давоми соли равон 1542 $-ро ташкил дод», - қайд кард ӯ.

Давлатзод изҳор намуд, ки нимсоаи аввали соли 2016 дар маҷмӯъ ба маблағи 113,4 млн. доллари ИМА алюминий истеҳсол шуда, аз рӯи натиҷаҳои 6 моҳи соли равон ҳиссаи алюминий дар ҳаҷми умумии содирот - 26% ва нахи пахта - 12,5%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 73,5 ҳазор тонна алюминий содирот шудааст, ки дар муқоиса бо 6 моҳи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нисбат ба соли гузашта алюминий 239 $ арзонтар шуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no