Истеҳсоли беш аз 2 тонна тилло дар 6 моҳ

28/07/2016 13:36
Заррина Эргашева
Views: 3620

Тӯли 6 моҳи соли равон корхонаҳои истихроҷи тиллои ҷумҳурӣ 2 тоннаву 096 кило тилло истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% зиёдтар аст.

Вазир саноат ва технолоияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истихроҷи тиллоти КМ «Зарафшон», ҳамасола ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон меафзояд. «Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар сатҳи соли гузашта 1 тоннаву 253 кило (6 моҳи соли гузашта - 1 тоннаву 252 кило) боқӣ монд», - гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти вазир, маблағи бадастомада аз фурӯши тилло 1,5 млрд. сомонӣ, аз ҷумла содирот 1 млрд. сомониро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар ним сол 1,5 тоннааш ба корхонаи «Зарафшон» рост омада, 70,3%-и тиллои истихроҷшуда дар дохили кишвар ба фурӯш рафтааст, ки харидорони асосӣ Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ мбеошанд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки тибқи пешгӯиҳо соли равон низ чун соли гузашта аз истеҳсоли 3,8 тонна тилло дар кишвар интизорӣ меравад.

Айни замон дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги истихроҷи тилло – корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин, «Тиллои тоҷик» ва корхонаи муштараки «Апрелевка»-и Тоҷикистону Канада фаъолият мекунанд. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no