Истифодаи партовҳои гӯшти мурғ дар истеҳсоли ҳасиб дар Тоҷикистон

10/08/2016 11:27
Пайрав Чоршанбиев
Views: 2855

Раҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» ҳолатҳои аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ истифода шудани партовҳои гӯшти мурғ дар истеҳсоли ҳасибро тасдиқ мекунад.

«Ҳолатҳои зиёде ҷой доштанд, ки истеҳсолкунандагони ҳасиб асосан аз пӯсти мурғ истифода мебурданд, вале имрӯз истифодаи пӯсти мурғ бо дигар маҳсулоти гӯштӣ қатъиян аз Шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулот хориҷ карда шуд ва он таъиноти мушаххаси истифода надорад», - гуфт роҳбари «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён дар вохӯрӣ бо  роҳбарон ва намояндагони корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб, ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он фаъолият доранд.

Ӯ аз истеҳсолкунандагони ҳасиб даъват ба амал овард, ки дар истеҳсоли ҳасиб асосан  аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатари ватанӣ истифода кунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар самти гузаронидани назорати давлатӣ минбаъд намунаҳои барои ташхис пешниҳодшаванда ҳам аз коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҳам аз нуқтаҳои савдо гирифта мешаванд. «Инчунин дар самти тамғагузорӣ низ камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла дар маводи худчасп сабт намудани санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмолӣ зиёд ба назар мерасанд», - иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти Агентии «Тоҷикстандарт», дар раванди санҷишҳои нимсолаи аввал дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  нисбати 19 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳасиб тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҳо андешида шудаанд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки соли гузашта гумрукчиёни тоҷик аз воридоти беш аз 23 тонна пӯсти мурғи вайроншуда ва муҳлати истифодааш гузашта дар марз ҷилавгирӣ намуданд, ки он барои истеҳсоли ҳасиб ва дигар маводи ғизойӣ пешбинӣ шуда буд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no