Истихроҷи беш аз 600 ҳазор тонна ангишт аз оғози сол

08/08/2016 15:04
Пайрав Чоршанбиев
Views: 2010

Тӯли 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 210 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияхои нави ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз то 8 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда мешавад.

Захираҳои ангишт дар корхонаҳои истихроҷ ва нуқтаҳои фурӯши он бо назардошти бақияи солҳои гузашта 200 ҳазор тонна арзёбӣ мешаванд.

Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 19 корхона машғул мебошанд. Конҳои «Фон-Яғноб», «Зиддӣ», «Назар-Айлоқ» ва «Сайёд» аз манбаъҳои нисбатан бузурги истихроҷи ангишт маҳсуб меёбанд.

Айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ангишт истихроҷ мешавад. Соли 2014 - 870 ҳазор тонна ва соли 2015 - беш аз 1 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд. То ин дам дар ҷумҳурӣ то 520 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ истеҳсол мешуд. То замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истихроҷ ҳамагӣ то ба 309 ҳазор тонна мерасид.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no