Корхонаи бузурги коркарди нафт дар Данғара

08/08/2016 10:01
ASIA-Plus
Views: 2161

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» моҳи сентябри соли равон корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ ба истифода дода мешавад, ки аз ҷониби ширкати «ХЭЛИ»-и Чин сохта мешавад.

Бино ба иттилои намояндагони ширкати номбурдаи Чин, айни замон корҳои сохтмон дар арафаи анҷормёбӣ қарор дошта, мавриди бахрабрадорӣ қарор гирифтани корхона моҳи сентябри соли ҷорӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки иқтидори лоиҳавии корхона дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» коркарди 1,2 млн. тонна маҳслуоти нафтӣ дар як солро ташкил дода, дар марҳилаи аввали дар корхона 500 ҳазор тонна нафт коркард мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввал 200 нафар бо ҷойҳои корӣ дар корхона таъмин шуда, дар марҳилаи дуюм шумори коргарон то ба 500 нафар мерасад.

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа - беш аз 80 млн. доллари ИМА ва барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа - беш аз 300-500 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no