Корманди «Тоҷиксодиротбонк: М.Ёқубов маро буғӣ карданӣ шуд (видео)

16/08/2016 16:14
Asia-Plus
Views: 2745

Сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оев, ки аз лату кӯби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов осеб дидааст, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ариза дода, дар он М.Ёқубовро дар лату кӯб, кӯшиши куштор ва ҳамчунин туҳмат айбдор кардааст.

Зимни мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар бемористон, А.Оеви 63-сола ҳикоят кард, ки рӯзи 8 август ӯ ба назди сардори департамети амнияти бонк Қурбоналӣ Дӯстов даъват шуда, вақте ба кабинети ӯ дар ошёнаи дуюми бинои бонк ворид мешавад, он ҷо 9 нафар, аз ҷумла Ёқубов ва 5 нафари дигар кормандони маъмурияти муваққатӣ, ҳамчунин  3 нафпа собиқ кормандони бонк ҳузур доштаанд ва ба кадом як симҳое нигоҳ карда, байни худ суҳбат доштаанд.

«Роҳбари маъмурияти муваққатӣ Мирҳаёт Ёқубов назди ман омада, ба лату кӯб ва буғӣ кардани ман оғоз кард, ки қариб ба ҳалокат расида будам. Ҳамаи он замон дар кабинет ҳузурдоштагон ҳатто кӯшише накарданд, ки ӯро аз ин амал боздоранд ва оромона лату кӯби маро тамошо доштанд. Мирҳаёт Ёқубов маро гунаҳкор кард, ки гӯё ман дар кабинети кории ӯ дастгоҳи сабти пинҳонӣ  (жучок) ва видеокамераҳои хурд насб карда бошам», - иброз дошт вай.

Ба қавли номбурда, М.Ёқубов аз тобеъонаш талаб кардааст, ки аз ӯ баёнот гирифта, ба Бонки миллӣ баранд ва дар зиндон маҳкам кунанд. «Муҳофизи шахсии ӯ бо номи Сафар маро тариқи долон ба ҳоҷатхонаи мардона бурда, дар он ҷо маҳкам кард. Аз дохили хоҷатхона ман ба писарам Насим занг зада, гуфтам, ки маро куштанӣ буданд. Писарам дарҳол ба бинои бонк омада, маро пурсон мешавад. Писари ман собиқ омӯзгори Мирҳаёт Ёқубов аст. Мирҳаёт Ёқубов писари маро наздаш даъват намуда, танҳо баъди он маро аз ҳоҷатхона раҳо карданд. Сипас дар кабинеети сардори хадамоти амният ман якуним соат бозпурсӣ шудам», - идома дод ҷабрида.

Абдулмуъмин Оев изҳор намуд, ки пас аз ин ҳодиса асабаш осеб дида, вале ҷароҳатҳои ҷисмониаш чандон вазнин нестанд. «Бегуноҳии ман дар насби дастгоҳи сабти пинҳонӣ (жучок)-ро Бонки миллӣ исбот кард», - таъкид дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории TojNews бо такя ба яке аз кормандони «Тоҷиксодиротбонк» бидуни ифшои ному насаб иттилоъ медиҳад, ки «низоми зиддисухторӣ ва камераҳои назоратӣ дар ҳар бонки Тоҷикистон ҳастанд. Дар «Тоҷиксодиротбонк» низ. Камераҳои назоратӣ ду хел мешаванд: ошкор ва пинҳонӣ. Камераҳои ёфтшуда ҷузъе аз низоми камераҳои бонк буда, ба хадамоти бехатарии худи бонк тааллуқ доранд. Симҳои онҳо ба ҳуҷраҳои Хадамоти бехатарии бонк мерафтаанд. Аммо аз бетаҷрибагӣ ҳамин хел нофаҳмӣ шудааст».

Мирҳаёт  Ёқубов 32 сол дошта, ба ин вазифа аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон се моҳ пеш таъин шудааст, то ба ҳайси роҳбари мудирияти муваққатӣ вазъи молии бонкро беҳтар кунад. Ӯ мактаби №93-и пойтахтро хатм кардааст. Баъди хатми факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба вазифаи сардори яке аз раёсатҳои  “Амонатбонк” таъин шудааст.  Дар Бонки миллии Тоҷикистон кор карда, то ба вазифаи сардори Раёсати амалиёти байналмилалӣ расидааст. Ҳич гоҳе дар вазифаҳои роҳбарӣ кор накардааст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no