Кормандони КҲФ мусофирони автомашинаи ба канал чаппашударо наҷот доданд

22/08/2016 13:15
Asia--Plus
Views: 1765

Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафарро наҷот доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ  автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» дар натиҷаи баланд кардани суръати ҳаракат, чаппа шуда, ба канали «Тоҷикистон Советӣ", ки дар  ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ноҳияи Мастчоҳи  вилояти Суғд вокеъ аст, сарозер гашт. Дар вақти садама дар мошин 6 нафар буданд.

Ба шарофати амалҳои фаврии наҷотдиҳандагон Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд 4 нафар шаҳрвандонро наҷот дода шуда, мутаассифона, ду мусофири дигар ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади онҳоро кормандони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд  аз об бароварда, ба мақомоти зарурӣ супориданд.

Гуфта мешавад, аз оғози соли 2016 кормандони Кумита дар садамаҳои нақлиёт вобаста ба наҷот дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо 14 нафарро наҷот доданд.

Кумита дар муроҷиат ба ронандагон дархост намудааст, ки  ба эҳтиёт дар роҳ ва маҳдудияти суръати ҳаракати роҳ диққат диҳанд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no