Либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ: бихарем ё на? (чандрасонаӣ)

27/08/2016 23:41
Далер ИБРОҲИМОВ, махсус барои ASIA-Plus
Views: 5796

Коргоҳҳои дӯзандагии Тоҷикистон ба афзоиши истеҳсоли либосҳои мактабӣ муваззаф шудаанд, аммо дарёфти харидор барои онҳо мушкил аст. Дар ҳоле ки теъдоди умумии толибилмони кишвар беш аз 1 миллиону 810 ҳазор нафар аст, тӯли 7 моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои дӯзандагӣ ҳамагӣ 249 ҳазор либоси мактабӣ омода кардаанд.

Мақомоти марбута норасоии маблағу матоъ барои дӯхти либоси мактабӣ, фурнитура ё масолеҳи ёрирасон, доимӣ набудани фармоишҳо, нокифоятии дӯзандаҳои соҳибкасб ва иҷро нашудани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимиро аз умдатарин мушкилоти корхонаҳои дӯзандагии кишвар арзёбӣ мекунанд.

Истеҳсолот зиёду харидор кам

Тибқи дастури раисҷумҳур истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар коргоҳҳои дӯзандагии Тоҷикистон имсол бояд ба 1 миллион адад расонида мешуд. Аммо аз омор бармеояд, ки то 1-уми август беш аз 20 дарсади ин нақша иҷро шудааст. Масъулони корхонаҳо аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки барои ҳамин миқдор маҳсулоти тавлидкардаи худ низ харидор пайдо карда наметавонанд.


Олуфта Ҷорубкашева, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ҶДММ "Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик" мегӯяд, ки имсол барои дӯхтани қариб 105 ҳазор либоси мактабӣ фармоиш гирифта буданд ва аллакай 90 дарсади онро иҷро карданд. Аммо то кунун танҳо 20 дарсади либосҳои дӯхтаашон харидорӣ шудааст. Вай афзуд: «Корхона дар соли хониши 2016-2017 ба истеҳсоли либос барои 67 мактаби шаҳри Душанбе, 29 мактаби вилояти Хатлон ва 4 мактаби ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор шудааст. Мо мувофиқи фармоиш либосҳоро истеҳсол кардем, аммо аз чӣ бошад, ки фақат 20 дарсади онҳо ба фурӯш рафтанд».


Ба қавли ӯ, маҳсулоташон тарҳу сифати хуб дорад ва нарх низ дастрас аст. Дар ин корхона либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо арзиши аз 140 то 270 сомонӣ ва барои толибилмони синфҳои болоӣ бо нархи аз 300 то 400 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ камхаридор будани либосҳои мактабиро аз мушкилоти аслии коргоҳҳои соҳа арзёбӣ мекунанд. Бақо Ҳотамов, сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи вазорати мазкур гуфт, ки агар маҳсулоти корхонаҳо саривақт харидорӣ шавад, онҳо метавонанд вазъи молиявии худро беҳтар ва ҳаҷми истеҳсолотро зиёд кунанд. Вай афзуд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 2 млн. адад либос фаъоланд. «Дар сурати пешниҳоди фармоишҳо аз ҷониби муассисаҳои соҳаи маориф ва харидории маҳсулоти истеҳсолшуда, корхонаҳои мазкур метавонанд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо либос таъмин кунанд», - изҳор дошт Ҳотамов.

Тавсия ё фармон?

Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид дар моҳи июли соли равон изҳор дошт, ки бо мақсади татбиқи Барномаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дастур додааст, то ҳамаи муассисаҳои таълимӣ танҳо маҳсулоти ватаниро истифода кунанд. Ба гуфтаи ӯ, китобҳои дарсӣ аллакай пурра дар дохили кишвар ба нашр мерасанд. Дафтару рӯзнома ва шаҳодатномаи хатму диплом низ дар Тоҷикистон истеҳсол шуда, танҳо қаламу ҷадвал, хаткӯркунак ва дигар ашёи хониш боқӣ мондааст. «Мо кӯшиш мекунем, ки истеҳсоли ин ашёро низ дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монем», - гуфт вазир.

Вай афзуд, ки либосҳои мактабии аз Чин ва дигар кишварҳо воридшуда асосан аз матоъҳои синтетикиянд ва сифати паст доранд. Нуриддин Саид тавлиди чунин маҳсулотро дар дохил муҳим хонда, хабар дод, ки корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон барои омода кардани либосҳои мактабӣ ба миқдори беш аз 1 миллион адад фармоиш гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони Вазорати маориф ва илми ҶТ мегӯянд, ки онҳо волидонро ба харидории либоси мактабӣ аз корхонаҳои ватанӣ маҷбур карда наметавонанд. Ин ниҳод Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро таҳия ва тасвиб кардааст, ки ҳар як хонандаро ба риояи ҳатмии он муваззаф месозад. Аммо вазорат танҳо иҷрои талаботи либоси мактабӣ – ранг ва намудро тавсия додааст, на корхонаи дӯзандагӣ ва арзиши онро.

Дар робита ба ин масъала Фирӯза Ғаниева, сармутахассиси Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми вазорати мазкур чунин гуфт: «Ин иҷборӣ нест. Ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорони муассиса пас аз қонеъ гардидан аз сифату арзиши либоси мактабӣ корхонаи дӯзандагиро тавсия мекунад ва муассисаи таълимӣ танҳо дар бастани шартнома бо он корхона ширкат меварзад. Падару модарон метавонанд либосро аз корхонаҳои дӯзандагии бо муассисаи таълимӣ шартномадошта бихаранд, аммо дар сурати қонеъ нашудан аз сифат ва арзиши он имкон доранд, ки аз ҷойи дилхоҳашон дастрас кунанд».

Ҳамзамон Абдуҷаббор Алиев, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ин вазорат сабаби камхаридор будани либосҳои мактабии корхонаҳои ватаниро ба арзиш ва сифати онҳо рабт медиҳад: «Мо падару модарро ҳеҷ гоҳ ба харидани либосе, ки талаботи онҳо ва фарзандашонро қонеъ карда наметавонад, маҷбур намекунем. Соли гузашта бисёр волидон аз корхонаҳое, ки бо онҳо шартнома доштанд, либоси мактабӣ нахариданд. Ин ҳам ба арзиш вобастагӣ дошт, ҳам ба сифати маҳсулот. Бинобар ин, ман хоҳиш мекунам, ки корхонаҳои истеҳсолӣ барои аз байн бурдани ин гуна нофаҳмиҳо ба сифати маҳсулот аҳамият диҳанд ва коре кунанд, ки падару модарон аз арзиши либос ҳам қаноатманд бошанд».

Баръакси бисёре аз волидони дигар, сокини шаҳри Душанбе Муаззама Ҳоҷиева аз сифату арзиши либоси мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ ситоиш кард: «Ман дар ҷустуҷӯйи либоси мактабӣ овора шуда, ба бозор намеравам. Барои писарам, ки дар мактаби №8 мехонад, аз корхонаи "Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии точик" сарулибос харидам. Шодам, ки дар Душанбе маҳсулоти ватании мо дастрас аст».

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, теъдоди хонандагоне, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ либос фармоиш додаанд, 1 168 276 нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 65%-и нақша баробар аст. Аммо таҳлили омори тавлидот ва шикояти истеҳсолкунандагон аз камфурӯшии маҳсулоташон нишон медиҳад, ки на ҳамаи ин либосҳои фармоишӣ аз тарафи волидон харидорӣ шудааст. Аз ин бармеояд, ки муассисаҳои таълимӣ фармоишҳоро аксаран бидуни мувофиқа бо падару модари толибилмон анҷом додаанд.

Ҷалби харидор бо тарроҳии зебо

Тарроҳону мутахассисон барои ҷалби таваҷҷуҳи толибилмону волидони онҳо беҳтар кардани сифати матоъ ва тарҳи либосҳоро зарур дониста, ҳамчунин ба инобат гирифтани табъу завқи ҳар як хонандаро муҳим мешуморанд. Тарроҳи либос Мунира Орифзода мегӯяд: «Аксари мактаббачаҳои мо ба зебо будани либос диққат медиҳанд. Аз ин хотир, мо бояд дар баробари сифат ба тарҳи либосҳо низ таваҷҷуҳ карда, онҳоро шинаму зебо дӯзонем».

Мутахассиси дигари соҳа Аскаралӣ Ишматов дар тақвияти ин нукта ба он таъкид кард, ки барои ҳар як толибилм бояд мувофиқ ба қадду қоматаш либос омода кард. Вай афзуд: «Ба ин масъала дар корхонаҳои мо диққат намедиҳанд. Хоҳиши кӯдаконро дар ягон корхона ба назар намегиранд. Мо аз онҳо намепурсем, ки чӣ гуна либос пӯшидан мехоҳӣ, рангу шаклаш чӣ гуна бошад? Агар фикри мактаббачаҳо дар ин маврид ба инобат гирифта шавад, ниёз ба маҷбур кардани онҳо намемонад».

Либосҳои мактабии хориҷӣ – зери назорат

Бозори либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ гирифта мешавад. Бо қарори Ҳукумати ҶТ минбаъд ҳама гуна либосҳои мактабие, ки аз хориҷи кишвар оварда мешаванд, танҳо пас аз ташхиси Агентии "Тоҷикстандарт" ба бозор ворид хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади ҳифзи саломатии кӯдакон ва ба хотири дастгирии истеҳсолоти дохилӣ амалӣ мегардад. Тибқи ин қарор, либоси мактабӣ бояд 60 дарсад аз нахи пахта ва 30-35 дарсад аз синтетика иборат бошад. Дар робита Абдуқаҳҳор Мавлонзода, сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар молҳои ниёзи мардуми Агентии "Тоҷикстандарт" чунин гуфт: «Маҳсулоти воридотӣ агар ба талаботи Регламенти техникии "Бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон" ҷавобгӯ набошад, фурӯши он манъ гардида, соҳибкор ҷарима карда мешавад».

Маҳсулоти ватанӣ бо матои хориҷӣ?

Мутахассисон ҳамзамон бо роҳандозии дӯхти либосҳои мактабӣ дар дохили кишвар, истеҳсоли матои лозим барои ин гуна либосро муҳим медонанд. Ҳоло корхонаҳои соҳа онҳоро асосан бо истифода аз матоъ ва ашёи ёрирасони хориҷӣ омода мекунанд. Соли ҷорӣ истеҳсоли матоъ барои дӯхтани либосҳои мактабӣ дар корхонаи "Нассоҷи Хуҷанд" ба роҳ монда шуд. Вале матои дар он тавлидшаванда барои тамоми коргоҳҳои ҷумҳурӣ кофӣ нест.

Масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нав Бақо Ҳотамов мегӯяд, ки таркиби матоъҳои дар ҶДММ "Нассоҷи Хуҷанд" истеҳсолшаванда танҳо 40 дарсад аз риштаҳои синтетикӣ буда, 60 дарсадаш пахта аст. Вале мутахассисони Агентии "Тоҷикстандарт" дар такя ба суханони роҳбарони коргоҳҳои дӯзандагӣ изҳор доштанд, ки матои истеҳсоли "Нассоҷи Хуҷанд" аз сабаби хуб дарзмол нашудан, шустушӯйи мураккаб ва арзиши гаронтари он волидони толибилмонро қонеъ накардааст. Биноан, тавлидгарони либоси ягонаи мактабӣ аз матои истеҳсоли Малайзия, Чин, Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб истифода мекунанд.

Роҳандозии хатти технологии истеҳсоли ин гуна матоъҳо дар заминаи корхонаҳои амалкунанда ё сохташавандаи минтақаҳои озоди иқтисодии Суғду Данғара роҳи муассири ҳалли ин мушкилот дониста мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, ин тадбир ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон муҳим аст.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no