Мақоми охирини Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи шумори маҳбусон

13/07/2016 10:24
ASIA-Plus
Views: 3128

Аз рӯи шумори маҳбусон миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор дорад. Ба сари 100 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 121 нафар маҳбус рост меояд.

Бино ба маълумоти таҳқиқоти маркази ғайритиҷоратии амрикоии Prison Policy Inintiative, кишварҳои пешсаф дар ин рӯйхат ИМА ва Туркманистон мебошанд, ки ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолии ин кишварҳо мутаносибан 693 ва 583 нафар маҳбусон рост меоянд.

Гуфта мешавад, дар Русия ин нишондиҳанда ба 453 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ, Қазоқистон - 221 нафар, Қирғизистон - 167 нафар ва Ӯзбекистон - 150 ҳазор нафар маҳбус баробар аст.

Дар таҳқиқот муаллифон ба вазъ дар ИМА таваҷчуҳ зоҳир намуда, қайд мекунанд, ки Департаменти давлатии ИМА ҳукумати Туркманистонро барои вазъи ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор дода, дар ҳамин ҳол, дар як ҳавзаи Колумбия, ки Департаменти давлатӣ дар он воқеъ аст, нисбат ба Туркманистон ду баробар зиёдтар маҳбусон дар зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no