Намояндаи БАТР ба мушкилоти соҳибкорони тоҷик ишора кард

15/10/2015 10:39
ASIA-Plus
Views: 5340

Зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалии соҳибкорон дар Душанбе директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма изҳор дошт, ки дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон монеъаҳои хеле зиёд вуҷуд доранд.

Мушкилоти бештар ҷиддӣ дар ин самтро намояндаи БАТР дастрасӣ  ба нерӯи барқ ва қарзҳо ва ҳамчунин камбудӣ дар маъмурияти расмиёти андоз унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта корхонаҳои Тоҷикистон шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 7 соат аз дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳрум буданд.

Намояндаи БАТР таъкид дошт, ки зиёни корхонаҳои кишвар аз ҳисоби дастраси надоштан ба нерӯи барқ 14,4% аз ҳаҷми умумии даромади солонаи онҳоро ташкил медиҳад. «Дар дигар кишварҳои минтақа ин нишондиҳанда ба 5% баробар аст», - гуфт ӯ.

Масару Хонма қайд кард, ки мушкили дигари ҷиддӣ дар самти тиҷорат дар Тоҷикистон дастнорасии қарзҳо буда, ҳиссаи ширкатҳое, ки аз бонкҳо қарз гирифтаанд, ҳамагӣ 14,6%-ро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда хеле ночиз мебошад.

Ба қавли намяондаи бонк, «маъмурияти расмиёти андози тарҳрезишуда, ки ба талаботи фискалӣ ҷавоб гуфта тавонад, барои рушди соҳибкорӣ чун дар дигар кишварҳо хеле муҳим аст». Ӯ ба ҳукуматдорон ишора кард, ки нияти ба даст овардани «даромади воқеӣ» бояд «шароитҳои воқеии иқтисод»-ро таҷассум созад.

Хонма ҳамчунин ба санҷишҳои сершумори мақомоти надози ҷумҳурӣ, пардохтпулиҳои шаклҳои гуногун, мавҷуд набудани шарҳи ягонаи сиёсти андозбандӣ ва механизми заифи шикоят бурдан аз болои қарорҳои мақомоти андози Тоҷикистон низ ишора намуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no