Анҷоми фаъолияти сафири Италия дар Тоҷикистон

10/08/2016 10:05
Asia--Plus
Views: 2719

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 9 август бо сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Риккардо Манара вобаста ба анҷоми фаъолияти кории ӯ дар Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

С. Аслов ба Р. Манара барои саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва иштирокаш аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Италия дар Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” изҳори ташаккур намуд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз С.Аслов дар ҳошияи Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария”, бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус В. Рибаков мулоқот орост.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба густариши робитаҳои байни ниҳодҳои хориҷии ду ҷониб, рушди ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no