Анҷоми ваколатҳои сафири Фаронса дар Тоҷикистон

25/08/2016 09:46
Asia--Plus
Views: 3575

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруаро бинобар анҷомёбии маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунид масоили ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.

Сироҷиддин Аслов аз фаъолияти самараноки сафири Фаронса дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no