Анҷоми ваколати сафири Кувайт дар Тоҷикистон

24/08/2016 09:42
Asia--Plus
Views: 1911

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва густариши бемайлони ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ роҳҳои татбиқи созишномаҳо ва тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар моҳи майи соли ҷорӣ дар Кувайт ҳосил шуданд, баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи тмасоили атбиқи муштараки тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон бо ҷалби доираҳои сармоягузор ва бунёдҳои хайриявии Кувайт табодули назар сурат гирифт.

Сироҷиддин Аслов ба сафири Давлати Кувайт барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳори сипос намуд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no