Осеби офати табиӣ ба 288 манзил дар Исфара

18/08/2016 11:24
Asia--Plus
Views: 2273

Бар асари фаромадани сел шоми рӯзи 16 август дар шаҳри Исфара 6 манзил пурра ва 10 хона қисман хароб шудаанд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз ин офати табиӣ боз 272 манзили дигар низ осеб дида, ба хоҷагиҳои фермерӣ, роҳҳои автомбилгард ва низоми коммуникатсионӣ ҳам зарар расидааст.

«Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва кумак ба оилаҳои осебдида ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, ба макони ҳодиса муовини раиси КҲФ-и ҷумҳурӣ, роҳбарони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд ҳозир ва ҳамчунин воҳидҳои Кумита сафарбар шуданд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки хушбахтона, миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки маҷрои сел якчанд сар чорворо бо худ бурда, 2 трансофрматорро аз кор баровардааст.

«Тибқи маълумоти фаврии Ситоди КҲФ дар шаҳри Исфара, зиёни расида ба шаҳр аз ин офати табиӣ 13 млн. 239 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад», - қайд кард Тешаев. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no