Осеби офати табиӣ ба шаҳри Исфара

17/08/2016 10:32
Аваз Юлдошев
Views: 2337

Аз маҷрои бузурги сел, ки шоми рӯзи 16 август ба шаҳри Исфара фаромад, сокинони шаҳраки Шӯроб, маҳаллаҳои Сомониён, Афғонҳо, микрорайонҳои 13, 14 ва 15, ҳамчунин деҳаҳои Навобод, Ҷазира ва Моҳпарӣ осеб диданд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба Азия-Плюс» хабар дод, ки офати табиӣ ба манзилҳои сокинони маҳаллӣ, зербинои хоҷагиҳо, хатҳои интиқоли барқ зарар расонида, якчанд трансформаторҳо аз кор бароварда шудаанд ва ҳамчунин қариб муддати 1 соат ҳаракати нақлиёт дар роҳи асосии шаҳр ғайриимкон шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, босуръат болоравии сатҳи об дар дарёи Исафра ба обхезӣ боис гардида, ҳангоми ҳодиса ҳаҷми маҷрои об то ба 15 метри мукааб дар як сония баробар шудааст. «Комиссияи махсус таҳти сарварии раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода айни замон дар макони ҳодиса ба кор машғул аст», - афзуд номбурда.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no