Осеби сел ба роҳу пулҳои ноҳияҳои Ашт ва Рашт

29/07/2016 10:10
ASIA-Plus
Views: 3630

Бар асари боришоти шадид, ки аз нимаи дуюми рӯзи 28 июл оғоз гардид, дар ду ноҳияи Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуданд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қаламрави деҳоти Қалъанак ва Ялдумичи ноҳияи Рашт як пул комилан зери сел монда, қитъаҳои замину боғоти наздиҳавлигӣ қисман зарар дидаанд. «Ҳамчунин дар километрҳои 1 ва 25-30-уми роҳи мошингарди Ҳоит - Назарайлоқи ноҳияи Рашт роҳро қисман об шустааст», - гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, худи ҳамон рӯз дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳансой ва Понғози ноҳияи Ашт 10-15 киломтер роҳҳои байни деҳот шуста шуда, 2 манзил, 5 автомашина ва 1 бинои чойхона қисман осеб дидаанд. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст», - иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон комиссияҳои ноҳиявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар маҳалли ҳодисаҳо машғули коранд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no