Президент аз сохторҳои қудратӣ зиракии сиёсӣ хост

18/07/2016 16:01
ASIA-Plus
Views: 2551

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуда, аз онҳо даъват кард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандорӣ амнияти давлату миллатро таъмин созанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори машварат, ки бо иштироки Котиби Шӯрои амният, Раиси Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти гумрук ҷараён гирифт, масъалаи татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, масоили таъмини амнияти давлату миллат, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар корҳои судманд супоришҳои қатъӣ дод.

Дар машварат инчунин дастур дода шуд, ки баҳри омодабошии ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ бо ҳамсоякишвари  Афғонистон, таъмини моддию техникии отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомӣ бо маводи ниёзи аввал, сару либос ва дигар муҳимоти ҷангӣ, тайёрии сохторҳои ҳарбӣ ба мавсими зимистон, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани маъракаи муҳими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии онҳо чорабиниҳои мушаххас андешида шавад.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no