Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эквадор

14/07/2016 08:29
ASIA-Plus
Views: 3015

Дар шаҳри Ню-Йорк санаи 12 июли соли 2016 маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эквадор баргузор гардид.

Бино ба итттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Эквадор Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Ҳоратсио Севилла Борҷа ба имзо расониданд.

Ҷумҳурии Эквадор кишварест воқеъ дар минтақаи шимолу ғарби Амрикои Ҷанубӣ. Ҷазираҳои Галапагос дар Уқёнуси Ором низ ба ҳайати Эквадор дохил мешаванд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no