Рустам Назарзода: Сарез таҳти назорат аст, метавонед осуда бихобед!

21/07/2016 15:43
Пайрав Чоршанбиев
Views: 3764

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ташвишу нигарониҳо нисбати рахнашавии имконпазири кӯли Сарез бар асари офатҳои табиӣ розӣ нест, зеро он таҳти назорати доимии мутахассисони тоҷик қарор дошта, барои нигаронӣ ҳеҷ далеле вуҷуд надорад.

«Ба шумо гуфтаниам, ки осуда бихобед. Ҳеҷ гуна тағйироти ҷиддие дар кӯли Сарез ба мушоҳида намерасад», - иброз дошт ӯ зимни нишасти хабарӣ ва қайд кард, ки дар кӯли Сарез низоми муосири огаҳии барвақтӣ ва низоми мушоҳида ба тамоми тағйироти дар мавзеи ин кӯл, аз ҷумла дар қаъри он насб шудааст.

Р.Назарзода таъкид дошт, ки бевосита дар наздикии кӯл истгоҳе амал мекунад, ки дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кор мекунанд. «Ғайр аз ин, поинтар аз кӯл дар масофаи 36 километр боз як истгоҳи огаҳии барвақтӣ фаъолият дорад ва вазъи кӯл шабонарӯзӣ, муддати 24 соат зери мушоҳидаву назорат аст», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳачунин дар дастгоҳи марказии Кумита Раёсати махсусе вуҷуд дорад, ки ба масоили назорати кӯли Сарез машғул аст.

Қобили зикр аст, ки бархе аз коршиносони кишварҳои ҳамсоя ба омӯзиши ҳамаҷониба ва муфассали мушкилоти кӯли Сарез даъват мекунанд, зеро ба андешаи онҳо, офатҳои табиӣ ба вайрон кардани ин обанбор қодиранд, ки ба оқибатҳои фалокатбор барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ боис шуда метавонад.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.

Назарҳо

News no